- Ба маъракаи Авфи Байналмилал оид ба боздошти худсарона тақрибан 50 маҳбуси нав ҳамроҳ шуданд ва шумораи онҳо ба 120 нафар мерасад.
- Аъзои оилаҳо беадолатӣ ва даҳшати ҷудоии тӯлониро тасвир мекунанд
- Комиссари Олии СММ сарфи назар аз сафари ахири Шинҷон то ҳол гузориш дар бораи вазъро нашр накардааст
Авфи Байналмилал имрӯз шаҳодати нави дилхароши хешовандони 48 нафар аз ақвоми уйғур ва қазоқро, ки дар минтақаи худмухтори Шинҷон-Уйғури Чин боздошт шудаанд, нашр карда, бори дигар аз Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи башар даъват намуд, ки нисбати ин масъала чораҷуи кунад.
Мишел Бачелет, Комиссари олии аз вазифа раванда, ҳанӯз гузориши деринтизор дар бораи нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар Шинҷонро нашр накардааст ва борҳо ҷиддияти нақзи мақомоти Чин дар минтақаро эътироф нанамудааст. Бисёр таассуфовар аст, ки ба далели ин таъхир, боз як ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар ин ҳафта бидуни баррасии бозёфтҳои Созмони Милал дар бораи Шинҷон анҷом меёбад.
Шаҳодатҳои наве, ки Авфи Байналмилал ҷамъоварӣ кардааст, бахше аз маъракаи Озодии маҳбусони Шинҷон аст, ки акнун дар бораи 120 нафаре, ки дар низоми густурдаи зиндонҳо ва урдугоҳҳои боздоштии Чин дар Шинҷон асиранд, нақл мекунад.
“Гузориши ин оилаҳо даҳшатҳои дар Шинҷон рухдодаеро рушан мекунад, ки ҷиноят алайҳи башариятро ташкил медиҳанд. Бисёр нафарон гуфтанд, ки чандин аъзои оилаи онҳо дар боздоштанд ва ин миқёси саноатии ин хушунатҳоро нишон медиҳад — як нафар гуфт, ки 40 нафар аз наздиконаш боздошт шудаанд,” гуфт Агнес Калламард, Дабири кулли Авфи Байналмилал.
«Вокуниши Созмони Милал ба даҳшати дистопӣ дар Шинҷон, ки пойкаширо мемонад, таҳқир нисбати қурбониён ва наҷотёфтагони маъракаи ҳабси оммавӣ, шиканҷа ва таъқибот алайҳи ақаллиятҳои умдатан мусалмон дар Шинҷон аз соли 2017 ба ин сӯ мебошад. Мо ба даъватҳои худ ба ҳукумати Чин барои барҳам додани низоми азими урдугоҳҳои боздоштӣ; хотима додан ба ҳама гуна боздоштҳои худсарона, бедаракшавии маҷбурӣ ва бадрафторӣ, хоҳ дар маҳбасҳо ва хоҳ дар дигар ҷойҳо; ва таъқиби даҳшатноки уйғурҳо, қазоқҳо ва дигар ақаллиятҳои Шинҷон идома медиҳем.
“Мақомоти Чин бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва як қадами муҳим барои Комиссари Олӣ Бачелет ин аст, ки гузориши ба таъхир афтодаи худро нашр кунад ва он бояд фавран дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ арзёбӣ шавад. Нокомии доимии вай дар бораи ҷиноятҳо алайҳи башарият ва дигар нақзи ҳуқуқи башар дар Шинҷон монеа барои адолат аст. Он ҳамчунин низоми СММ-ро шарманда мекунад.”
Хонаводаҳои пошхурда
Созмони Авфи Байналмилал чанде пеш дар Туркия бо хешовандони бадарғашудаи 48 маҳбус мусоҳибаи ҳузурӣ анҷом дод. Онҳо нақл карданд, ки чӣ тавр наздикони онҳо бо иттиҳоми «терроризм» ё дигар иттиҳомоти бардурӯғ, зоҳиран барои чизҳои оддӣ, ба мисли сафар ё пардохти маблағи таҳсили фарзандонашон дар хориҷа боздошт шудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки бархеи дигар танҳо бар асоси дин ё мансубияти этникии худ боздошт шудаанд.
Гулайша Оралбой, як зани қазоқ, қиссаи бародараш Дилшат Оралбой, рӯзноманигори бознишаста ва тарҷумони қазоқро баъд аз он ки мақомоти Чин ӯро дар соли 2017 барои аз Қазоқистон ба Шинҷон баргаштан ташвиқ карданд, нақл кард. Пас аз бозгашт шиносномаи ӯ дарҳол мусодира шуда, худашро баъди чанд моҳ ба ҳабс гирифтаанд.
”Суд нест, танҳо ӯро ба зиндон андохтанд (ва гуфтанд 25 сол мешинӣ),» гуфт Гулайша.
“Ман ҳатто фикр намекунам, ки худи ӯ сабабашро медонад. Касе гуфт, ки барои ба Қазоқистон сафар карданаш ва баҳонаҳои гуногун дастгираш кардаанд; ягон асос ва далели равшане нест».
Ду хоҳари Гулайша ва Дилшат — Бақитгул ва Бағила Оралбой низ дар боздошт ҳастанд.
Абдуллоҳ Расул ба Авфи Байналмилал нақл кард, ки чӣ тавр бародараш Фарҳод Расул, деҳқони уйғурро, ки кам-кам қассобӣ мекард, дар моҳи майи соли 2017 дастгир карда, ба лагери боздоштӣ бурданд. Аз он вақт инҷониб хонавода мустақиман аз ӯ хабар надорад, аммо дар соли 2018 як манбаи мӯътамад гуфтааст, ки Фарҳод ба муддати 9 сол аз озодй маҳрум шудааст.
Хонаводаи Фарҳод бар ин боваранд, ки ӯро танҳо барои он боздошт кардаанд, ки як мусулмони огоҳ буд ва корҳои хайрия мекард. Наздикон гуфтанд, ки ҳамсари Фарҳод Қалбинур ва хушдоманаш Паризод Абдугул низ зиндонӣ шудаанд. Фарҳод ва Қалбинур ду духтари 14 ва 16-сола ва як писари 11-сола доранд.
«Онҳо [ҳукумати Чин] мехоҳанд шахсияти моро аз байн баранд, фарҳанги моро аз байн баранд ва дини моро аз байн баранд,» гуфт Абдуллоҳ Расул. «Умедворам, аз он чи дар ватани мо рӯй дода истодааст, ҳама битавонанд огоҳ бошанд.” Мадина Нозимӣ нақл кард, ки чӣ тавр бори охир садои хоҳараш Мавлуда Ҳилолро дар охири соли 2016 шунидааст. Мавлуда дар Туркия таҳсил мекард, аммо пас аз бозгашташ ба Шинҷон барои кӯмак ба модари бемораш, ӯро дар соли 2017 ба лагери боздоштӣ фиристоданд ва баъдан гӯё бо иттиҳоми «сепаратизм» ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Вай оиладор ва як духтари хурдсол дорад.
«Вақте онҳо хоҳари маро бурданд, ҷиянам Оиша ҳамагӣ яксола буд,» гуфт Мадина ба Авфи Байналмилал. «Мо танҳо бо ҳаёти ҳаррӯзаи худ машғул будем ва як оилаи хушбахт будем. Хоҳарамро танҳо бо як сабаб бурданд: барои уйғур буданаш.”
Одамоне, ки дар бораи вазъият суҳбат мекунанд, ба хавфи бузург рубаруянд; чанд аъзои оилаи боздоштшудагон нақл карданд, ки мақомот барои ин кор ба онҳо таҳдид кардаанд.
Абдураҳмон Тотӣ, соҳибкор ва фаъоли уйғури муқими Туркия бо расонаҳои байналмилалӣ дар бораи зиндонӣ шудани зану модараш ва боздошти худсаронаи падараш мусоҳиба кард. Вай ба Авфи Байналмилал гуфтааст, ки баъдан консулгарии Чин дар Туркия бо ӯ тамос гирифта, бо боздошт ё марг дар «садамаи нақлиётӣ» таҳдид кардааст.
Кӯҳе аз далелҳо
Аз соли 2017 ин тараф оиди зери шиори мубориза бо “терроризм”саркуб кардани уйғурҳо, қазоқҳо ва дигар ақаллиятҳои асосан мусулмон дар Шинҷон маълумоти зиёде ҷамъ шудааст. Дар соли 2021 гузориши мукаммали Авфи Байналмилал нишон дод, ки ҳабси оммавии аз ҷониби давлат созмонёфта, шиканҷа ва таъқиб аз ҷониби мақомоти Чин ҷиноят алайҳи башарият мебошад.
Мақомоти Чин аз давлати саркубгари назораткунандаи худ истифода мебаранд, то ин қонуншиканиҳоро пӯшонанд, аммо баромади маълумот аз Шинҷон идома дорад. Моҳи майи соли 2022 чанд расонаи байналмилалӣ як таҳқиқоти муштараки Парвандаҳои полиси Шинҷон-ро нашр карданд, ки дар он суханронӣ, тасвирҳо, ҳуҷҷатҳо ва ҷадвалҳои фошшудаи шабакаҳои дохилии пулиси Чин оварда шудаанд.
«Бо вуҷуди афзоиши далелҳо, мақомоти Чин то ҳол ба ҷаҳон дар бораи боздошти густурдаи худсарона дар Шинҷон дурӯғ мегӯянд,» гуфт Агнес Калламард.
“Aвфи Байналмилал даъвати муштараки даҳҳо коршиносони СММ-ро оиди таъсиси механизми мустақил, беғараз ва байналмилалӣ дастгирӣ мекунад. Чунин механизм бояд ҷиноятҳои зидди башарият ва дигар нақзи ҷиддии ҳуқуқи башарро, ки ҳукумати Чин дар Шинҷон содир кардааст, тафтиш кунад. Ҳазорон нафаре, ки то ҳол худсарона боздошт шудаанд ва оилаҳои онҳо сазовори ҳақиқат, адолат ва посухгуӣ ҳастанд.”
Бачелет бояд ба таври таъҷилӣ ба дархостҳои хонаводаҳои боздоштшудаҳо расидагӣ кунад ва нишон диҳад, ки оё дафтари вай қодир аст дар самти мусоидат ба иттилоот дар бораи боздоштшудагон ягон чорае биандешад.
Ёддоштҳо барои таҳриргарон
Иҷлосияи 50-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ идома дорад ва рӯзи 8 июл ба поён мерасад. Ин охирин марҳила бо Мишел Бачелет ҳамчун Комиссари олӣ хоҳад буд; ваколати ӯ 31 августи соли 2022 ба охир мерасад ва ӯ эълом дошт, ки барои бори дуввум интихоб шудан талош нахоҳад кард.
Дар охири моҳи май, дар як нишасти матбуотӣ пас аз сафари деринтизораш ба Чин, аз ҷумла сафари кӯтоҳ ба Шинҷон, Бачелет натавонист нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар Чинро эътироф кунад. Изҳороти вай дар охири сафараш кӯшишҳоро барои пешбурди масъулият дар минтақа коҳиш дода, ба ҷои он таассуроте ба вуҷуд овард, ки вай мустақиман ба як амалиёти таблиғотии пешгӯишавандаи ҳукумати Чин ворид шудааст. Вай баъдан иқрор шуд, ки ҳангоми дар Шинҷон буданаш бо ҳеҷ як уйғури боздоштшуда ё аъзои оилаи онҳо суҳбат карда натавонистааст ва дар минтақа ҳама вақт мақомоти давлатӣ ӯро ҳамроҳӣ кардаанд.