Таъқиби ҳар гуна андешаи интиқодӣ идома дошт. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мунаққидони ҳукумат ва рӯзноманигорони мустақил, аз ҷумла онҳое ки дар дар ғурбат ҳастанд, тавассути тарсонидан ва парвандаҳои сиёсӣ мавриди таъқиб қарор дода мешаванд.
Ҳуқуқ ба озодии иттиҳодияҳо ва гирдиҳамоиҳои осоишта ба таври ҷиддӣ маҳдуд карда шуд. Табъиз нисбат ба занон ва ақаллияти помирӣ идома ёфт. Зӯроварӣ дар оила то ин дам ҳамчун як падидаи маъмул боқӣ монд. Шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзананда ҳамоно ба таври густурда мушоҳида мешуд. Камбуди ғизо ба аксари кӯдакон таъсири манфӣ расонд. Ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдакон ба таври возеҳ манъ гардид. Ифлосшавии шадиди ҳаво, ки дар натиҷаи ҳаракати нақлиёт, сӯзонидани ангишт ва корҳои сохтмонӣ ба вуҷуд меояд, нигаронии ҷиддиро ба миён овард.
Замина
Мушкилоти иқтисодӣ шиддат гирифтанд ва бо иқдоми мақомоти Русия ҷиҳати коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик — ки манбаи асосии интиқоли пулӣ ба кишвар мебошанд — боз ҳам вазнинтар шуданд.
Пас аз танишҳои марзӣ бо Қирғизистон дар солҳои гузашта, равобити дуҷониба ба таври возеҳ беҳбуд ёфта, шароити мусоид барои музокироти муваффақ ва муайянсозии хатти марз фароҳам оварда шуд.Ҷамъоварии иттилоот дар бораи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, ба таври ҷиддӣ маҳдуд боқӣ монд.
Боздоштҳои худсарона ва мурофиаҳои ғайриодилона
Боздоштҳои нав ва мурофиаҳое, ки пушти дарҳои баста баргузор шуданд, ба қайд гирифта шуданд. Ин парвандаҳо бештар ба иттиҳомҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, алайҳи аъзои ҳаракати мухолифи Group 24 — ки худсарона ҳамчун созмони мамнӯъ эълон шудааст — марбут буданд. Билол Қурбоналиев, ки соли 2023 аз Олмон ихроҷ шуда буд, моҳи феврал бо иттиҳоми узвият дар Group 24 ба 10 соли зиндон маҳкум гардид. Сулаймон Ҷобиров моҳи апрел аз Русия маҷбуран баргардонида шуда, то моҳи август дар асоси иттиҳоми монанд ба шаш соли ҳабс маҳкум шуд.
Дар моҳҳои июн ва июл, чандин сиёсатмадори сатҳи баланд ва мансабдорони собиқ бо иттиҳоми гуё талош барои “тасарруфи зӯроваронаи ҳокимият” боздошт шуданд. Дар миёни боздоштшудагон роҳбари пешини Ҳизби демократии Тоҷикистон Саиджафар Усмонзода, вазири собиқи корҳои хориҷии собиқ Хамрохон Зарифӣ, раиси пешини Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров, рӯзноманигор ва сиёсатмадор Аҳмадшоҳ Комилзода, ва сиёсатмадор Шокирҷон Ҳакимов буданд. То поёни сол, мақомот ҳеҷ гуна исботи мавҷудияти тавтеа, ё нақши боздоштшудагон дар онро пешниҳод накарда буданд.
Дар моҳи январ, Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар гузориши худ оид ба сафари соли 2022 аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки мустақилият ва бетарафии низоми судиро таъмин намоянд ва вакилони дифоъро аз фишору таъқиб ва амалҳои интиқомҷӯёна ҳифз кунанд.
Озодии баён
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар гузориши моҳи январи худ аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки иттиҳомҳои ҷиноятӣ ва мурофиаҳои додгоҳиро нисбат ба афроде, ки ҳуқуқи худро ба озодии баён, гирдиҳамоии осоишта ва ташкили иттиҳодияҳо истифода мебаранд, қатъ намоянд. Бо вуҷуди ин, фаъолони сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, вакилони дифоъ, мунтақидони ҳукумат ва рӯзноманигорони мустақил — аз ҷумла онҳое, ки дар ғурбат қарор доранд — инчунин пайвандони наздики онҳо, ҳамоно мавриди тарсдиҳӣ, таъқиб ва парвандасозии беасос қарор мегирифтанд.
Моҳи январ додгоҳ Шахбоз Шарифбекро ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар як навори интернетӣ аз амалҳои афсарони ҳарбӣ шикоят карда буд, ки бародарашро маҷбуран ба сафи артиш ҷалб намуда, хешовандонашро латукӯб кардаанд.
Дар моҳи август, мақомот Аҳмад Иброҳим, сармуҳаррири маҷаллаи «Пайк»-ро бо иттиҳоми кӯшиши додани пора ба як мансабдори давлатӣ боздошт карданд, то аз баста шудани расона ҷилавгирӣ шавад. Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) — як созмони байналмилалии назоратӣ дар соҳаи озодии матбуот — талаб кард, ки ӯ озод шуда, иттиҳомҳо барояш бекор гарданд.
Мақомот интиқом алайҳи фаъолони мухолиф ва дигар мунтақидонри дар ғурбат бударо тавассути фишор ба аъзои хонаводаҳои онҳо идома доданд. Дар моҳи феврал, модари рӯзноманигори муҳоҷири помирӣ Анора Сарқорова аз ҷониби мақомот даъват карда шуд. Ба ӯ иттилоъ доданд, ки духтараш ва домодаш — рӯзноманигор Рустам Ҷонӣ — бо иттиҳомҳои марбут ба ифротгароӣ таҳти таҳқиқ қарор доранд. Мақомот иброз доштанд, ки дар сурати бозгашт ва дархости бахшиш, онҳо метавонанд мавриди афв қарор гиранд.
Дар моҳи март, Паймони Миллии Тоҷикистон — эътилофи мухолифини дар ғурбатбуда — хабар дод, ки мақомот ба хонаводаҳо фишор меоранд, то пайвандони муҳоҷири худро водор созанд, ки дар эътирозҳо берун аз кишвар иштирок накунанд. Дар моҳи июн, қонуни наве ба тасвиб расид, ки пӯшидан ва тарғиби либосҳое, ки «бегона ба фарҳанги миллӣ» арзёбӣ мешаванд, манъ кард. Қонун ҳамчунин ҷашни суннатии кӯдакон — Идгардакро, ки аз нигоҳи мақомот бо таълимоти исломӣ мувофиқ нест, манъ намуд.
Озодии анҷуман
Дар моҳи феврал, гурӯҳи Гузоришгарони вижаи Созмони Милали Муттаҳид бо ирсоли як муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон, аз баста шудани беш аз 700 созмони ғайриҳукуматӣ дар солҳои охир изҳори нигаронӣ карданд. Ҳукумат посухи худро ба таври расмӣ нашр накард ва ба бастани созмонҳои ғайриҳукуматӣ идома дод.
Табъиз
Таъқиб ва табъизи системавӣ нисбати ақаллияти помирӣ идома дошт. Ватани аслии онҳо — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — зери равандҳои афзояндаи амниятсозӣ қарор гирифт ва бо коҳиши иқтисодӣ ва камшавии шумораи аҳолӣ рӯ ба рӯ шуд. [i]
То моҳи феврал, ҳадди ақал 222 нафар помирӣ дар робита ба эътирозҳои соли 2021 дар ВМКБ, ки ба таври зӯроварона пароканда шуданд, дар мурофиаҳои ғайриодилона ва пушти дарҳои баста маҳкум шуданд.
Дар моҳи март, Гурӯҳи кори Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки се ҳомии ҳуқуқи боздоштшудаи помирӣ — Фаромуз Иргашев, Мануҷеҳр Холиқназаров ва Хурсанд Мамадшоев — фавран озод карда шаванд, зеро боздошти онҳо худсарона арзёбӣ шудааст.
[i] https://www.amnesty.org/en/documents/eur60/8413/2024/tg/
Ҳуқуқи занон
Дар моҳи январ, рӯйхати расмии манъи касбҳо барои занон аз 334 ба 194 номгӯй коҳиш дода шуд. Мақомот ин тасмимро бо беҳтар шудани шароити меҳнат асоснок карданд. Бо вуҷуди ин, Кумитаи СММ оид ба рафъи ҳама гуна табъиз нисбат ба занон (CEDAW) дар моҳи феврал бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки рӯйхати мазкур пурра бекор карда шавад.
Як гузориши муштарак, ки моҳи март аз ҷониби Шарикии Байналмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар ва се созмони ғайриҳукуматии тоҷик нашр гардид, ба хулоса омад, ки зӯроварии хонаводагӣ ҳамоно паҳн шуда, таҳаммулпазирии ҷомеа нисбат ба он дар ҳоли афзоиш аст.
Шиканҷа ва дигар шаклҳои бадрафторӣ
Шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиромез ҳамоно ба таври густурда мушоҳида мешуданд, дар ҳоле ки беҷазо мондани омилони ҳукмфармо боқӣ монд. Дар гузориши солонаи худ, ки моҳи июн нашр шуд, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти изофаҷамъшавии доимии муассисаҳои ислоҳӣ тамаркуз кард. Аз ҷумла таъкид гардид, ки мақомот натавонистаанд меъёри 4 метри мураббаъ фазо барои ҳар як маҳбусро, ки дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ шудааст, таъмин намоянд. Гузориш ҳамчунин ба паҳншавии баланди ВНМО ва бемории сил дар байни маҳкумшудагон ишора кард.
Шикоятҳои расмӣ аз ҷониби маҳкумшудагон дар бораи шиканҷа кам ба назар мерасиданд, зеро набудани эътимод ба низоми адлия ва тарс аз чораҷӯиҳои интиқомҷӯёна, ки борҳо ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд, онҳоро аз изҳори шикоят бозмедошт.
Дар моҳи август, пулис иддао кард, ки Дамир Обидов ду рӯз пас аз боздошт бо иттиҳоми эҳтимолии авбошӣ даст ба худкушӣ задааст. Хонаводаи ӯ дар давоми боздошт иҷозати диданашро пайдо накарданд ва дар маросими дафн, ки аз ҷониби мақомот ташкил шуд, ба онҳо иҷозаи муоинаи ҷасад дода нашуд. Гарчанде тафтишот оғоз гардида буд, то поёни сол ягон хулосаи расмӣ эълон нашуд.
Вазъи саломатии Мануҷеҳр Холиқназаров — ҳомии ҳуқуқи инсон аз ақаллияти помирӣ, ки бо ҳукми ноодилона ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст — ба гуфтаи манобеи боэътимод ба таври ҷиддӣ рӯ ба вахомат овардааст. Бо вуҷуди изҳори нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва даъватҳо барои озодии ӯ ва таъмини кумаки тиббии саривақтӣ ва муассир, мақомот ин муроҷиатҳоро нодида гирифтанд.
Ҳуқуқи кӯдакон
Қонуни нави таълими кӯдакон, ки моҳи июн қабул гардид, ҷазои ҷисмониро ба таври ошкоро манъ мекунад.
Тибқи гузориши ЮНИСЕФ, ки моҳи июн нашр шуд, аз соли 2016 то 2022, 78 фоизи кӯдакони Тоҷикистон дар шароити камбизоатии ғизоӣ зиндагӣ мекарданд, ки 34 фоизи онҳо дар ҳолати фақри шадиди ғизоӣ қарор доштанд. Аз соли 2012 инҷониб беҳбуди ҷиддие дар ин самт ба қайд гирифта нашудааст. Ғизои нокифоя метавонад рушди кӯдаконро ба хатар андозад ва ҳаёти онҳоро таҳдид кунад.
Ҳуқуқ ба муҳити зисти солим
Дар моҳи май, Тоҷикистон Эъломияи Созмони Милали Муттаҳидро оид ба иқдомҳо дар соҳаи кӯдакон, ҷавонон ва иқлим имзо кард. Бо вуҷуди ин, мақомот иштироки ҷомеаро дар баррасии масъалаҳои иқлимӣ ва дигар масъалаҳои муҳити зист ташвиқ накарданд. Аз ин рӯ, сиёсати иқлимӣ на ҳамеша ба ниёзҳои осебпазиртарин қишрҳои аҳолӣ мутобиқ буд. Набудани иштироки фаъолонаи мардум ҳамчунин талошҳои Тоҷикистонро барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим заиф гардонд.
Тибқи маълумоти платформаи байналмилалии IQAir оид ба сифати ҳаво, сатҳи ифлосшавии ҳаво дар шаҳри Душанбе — ки асосан аз ҳисоби ҳаракати нақлиёт, сӯзондани ангишт ва корҳои сохтмонӣ ба вуҷуд меояд — мунтазам ва ба таври хатарнок аз ҳадди амнияти тавсияшудаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) зиёд буд.