A guard_s shadow in front of a row of shackled detainees_ Xinjiang Amnesty International.

Чин: Саркӯбиҳои шадиди мусулмонон дар Шинҷон ҷинояти зидди инсоният мебошанд

  • Садҳо ҳазор марду зан аз ақаллиятҳои мусулмон таҳти бозомӯзии саросарӣ ва шиканҷа қарор гирифтаанд
  • Миллонҳо мусулмонон таҳти назорати густурдаи оммавӣ мебошанд
  • Гурӯҳҳои қавмии мусулмон маҷбур карда шуданд то аз анъанаҳои динии худ, амалҳои фарҳангӣ ва забони маҳаллӣ даст кашанд   
  • Зиёда аз 50 нафар боздоштшудагони собиқи урдугоҳ оиди шароити дохили урдугоҳҳо ва муносибат ба онҳо нишондоди наву дақиқи дарднок доданд
  • Авфи Байналмилал, ки парвандаи зиёда аз 60 нафари алъон эҳтимол дар боздошт бударо дорад, ба пӯшидани урдугоҳҳои бозтарбия даъват мекунад

Авфи Байналмилал, ки имруз гузориш ва тарҳи навро оғоз намуд, гуфт, ки уйғурҳо, қазоқҳо ва дигар ақаллиятҳои қавмии аксаран мусулмон дар минтақаи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин ба ҳабси мунтазами саросарии аз тарафи давлат ташкилшуда, шиканҷа ва таъқиб, ки ҷиноятҳои зидди башарият шуморида мешаванд, дучор ҳастанд.

Дар гузориши 160- саҳифагии “Мисли ин ки мо дар ҷанги душман будем: Боздошти саросарӣ, шиканҷа ва таъқиби мусулмонон дар Шинҷони Чин”, тими Вокуниши бӯҳронии Авфи Байналмилал даҳҳо нишондоди нави маҳбусони собиқро нашр кард, ки дар он чораҳои шадиди мақомоти Чин аз соли 2017, ки барои моҳиятан решакан кардани анъанаҳои динӣ, урфу одатҳои фарҳангӣ ва забонҳои маҳаллии гурӯҳҳои этникии мусулмон андешида шудаанд, батафсил баён гардидаанд. Ин ҷиноятҳо, ки таҳти ниқоби мубориза бо «терроризм» амалӣ мешаванд, уйғурҳо, қазоқҳо, ҳуиҳо, қирғизҳо, ӯзбекҳо ва тоҷиконро ҳадаф қарор додаанд.

Мақомоти Чин яке аз печидатарин системаҳои назоратии ҷаҳон ва шабакаи азими иборат аз садҳо марказҳои торики «тағйирот тавассути омӯзиш»- дар асл урдугоҳҳои бозтарбияро дар саросари Шинҷон сохтаанд. Шиканҷа ва дигар бадрафторӣ дар урдугоҳҳо муназзаманд ва бо мақсади маҷбуран илқо намудани миллати дунявию якхелаи Чин ва идеалҳои Ҳизби коммунистӣ, ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҳаррӯза шадидан муқаррар карда шудаанд.

“Мақомоти Чин дар минтақаи мухтори Шинҷон-Уйғур манзараи ҷаҳаннами дистопияро дар миқёси ҳайратангез эҷод кардаанд», гуфт Агнес Каламард, Дабири кулли Афви Байналмилал.

«Уйғурҳо, қазоқҳо ва дигар ақаллиятҳои мусулмон ба ҷиноятҳои зидди инсоният ва дигар мавридҳои нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон рӯ ба рӯ ҳастанд,  ки таҳдид ба азбайнбарии ҳувияти мазҳабӣ ва фарҳангии онҳо мебошанд.»

«Ин бояд виҷдони башариятро такон диҳад, ки шумораи зиёди одамон дар урдугоҳҳои бозтарбия ба мағзшуӣ, шиканҷа ва дигар кирдорҳои таҳқиркунандаи шаъну шараф гирифтор шудаанд, дар ҳоле ки миллионҳо нафари дигар дар байни як дастгоҳи густурдаи назоратӣ бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекунанд.»

Ин бояд виҷдони башариятро такон диҳад, ки шумораи зиёди одамон дар урдугоҳҳои бозтарбия ба мағзшуӣ, шиканҷа ва дигар кирдорҳои таҳқиркунандаи шаъну шараф гирифтор шудаанд, дар ҳоле ки миллионҳо нафари дигар дар байни як дастгоҳи густурдаи назоратӣ бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекунанд

Агнес Каламард, Дабири кулли Афви Байналмилал

Ҳабси дастаҷамъӣ

Дар ин гузориш омадааст, ки чӣ гуна аз аввали соли 2017 шумораи зиёди мардон ва занон аз ақаллиятҳои қавмии аксаран мусулмон дар Шинҷон худсарона боздошт шудаанд. Онҳо садҳо ҳазор нафари ба зиндон фиристодашударо, ба ғайр аз садҳо ҳазор, шояд ҳатто як миллион ё бештар аз онеро, ки ба урдугоҳҳои бозтарбия фиристода шудаанд, дар бар мегиранд.

Ҳамаи зиёда аз 50 боздоштшудаи собиқ, ки Авфи Байналмилал бо онҳо мусоҳиб шудааст, барои рафтори комилан қонунӣ, ба монанди доштани тасвирҳои мазҳабӣ ё муошират бо каси дар хориҷбуда, боздошт шудаанд. Як корманди ҳукумат, ки дар боздоштҳои дастаҷамъӣ дар охири соли 2017 ширкат варзидааст, ба ин ташкилот гуфт, ки чӣ гуна полис одамонро аз хонаҳояшон бе огоҳӣ бурда, бидуни ягон парвандаи қонунӣ боздошт кардааст.

Аксари наҷотёфтагонеро, ки бо Авфи Байналмилал сӯҳбат карданд, пеш аз интиқол ба урдугоҳ аввал дар шӯъбаҳои полис бозпурсӣ намуда, дар он ҷо маълумоти биометрӣ ва тиббии онҳоро сабт кардаанд. Онҳо аксар вақт дар «курсиҳои палангон» – курсиҳои пӯлодин бо пойҳо ва дастбандҳои оҳанин, ки баданро дар ҳолати дардовар бозмедоранд, мавриди пурсиш қарор гирифтаанд. Латукӯб, бехобӣ ва серодамӣ дар шӯъбаҳои полис зиёд буд ва боздоштшудагон гузориш доданд, ки ҳангоми бозпурсӣ ва интиқол ба онҳо кулоҳ пӯшонида, занҷир мебастанд.

Аз лаҳзае, ки онҳо ба лагерҳои бозтарбияи ба зиндон монанд дохил мешуданд, зиндагии боздоштшудагон тибқи реҷаи фавқулодда ҷараён мегирифт. Онҳо дахлнопазирии шахсӣ ё мустақилият надоштанд ва баъзан якҷоя бо ҳамутоқҳояшон, барои беитоатии ночиз ба ҷазои шадид гирифтор мешуданд. Боздоштшудагон бо якдигар озодона сӯҳбат карда наметавонистанд. Дар сурати ба посбонони маҳбас ё дигар мансабдорон ба ҷои забони мандаринӣ ба забонҳои модарии худ посух додан, ҷазои сахт мегирифтанд. Ҳар як фаъолият дар реҷаи ҳаррӯзаи боздоштшудагон пешакӣ муайян шуда, рафтори онҳо доимо назорат ва арзёбӣ мешуд.

Як зане, ки барои дар телефонаш доштани WhatsApp боздошт шудааст, гуфт: “[Ҳар рӯз] шумо соати 5-и саҳар мехезед ва бояд бистари худро дуруст кунед ва он бояд комил бошад. Баъд маросими барафрохтани парчам ва “савгандёдкунӣ” баргузор мешуд. Пас шумо барои наҳорӣ ба ошхона мерафтед. Баъд ба синфхона. Баъд хӯроки нисфирӯзӣ. Баъд ба синфхона. Баъд ба хӯроки шом. Баъд дарси дигар. Баъд хоб. Ҳар шаб бояд ду нафар ду соатӣ ‘навбатдор’ меистоданд [барои назорати ҳамутоқҳо]… Барои шумо як дақиқа боқӣ намемонад. Шумо хаста мешавед.”

Дар ҳафтаҳо ё моҳҳои аввали боздошт боздоштшудагон маъмулан маҷбуранд, ки дар аксари соатҳои бедорӣ ё хомӯш нишинанд ё дар ҷойгоҳ дар ҳуҷраи худ зону зада наҷунбида шинанд. Пас аз ин, онҳо дар маҷмӯъ таҳти «таҳсилот» -и маҷбурӣ қарор мегирифтанд ва дар он ҷо онҳоро тарғиб мекарданд, ки исломро рад кунанд, аз истифодаи забон ва дигар амалҳои фарҳангии худ даст кашида, забони мандаринии чинӣ ва таблиғоти Ҳизби коммунистии Чинро омӯзанд.

Ба ғайр аз таҳти посбонии мусаллаҳона ба ошхона, дарсҳо ва бозпурсӣ рафтан, боздоштшудагон амалан ҳеҷ гоҳ ҳуҷраҳои худро тарк намекунанд, нури офтобро кам мебинанд ва хеле кам ба беруни бино ё варзиш дастрасӣ доранд.

Дар ҳафтаҳо ё моҳҳои аввали боздошт боздоштшудагон маъмулан маҷбуранд, ки дар аксари соатҳои бедорӣ ё хомӯш нишинанд ё дар ҷойгоҳ дар ҳуҷраи худ зону зада наҷунбида шинанд

Шиканҷаи мунтазам

Ҳар як боздоштшудаи собиқе, ки Авфи Байналмилал, ки бо ӯ мусоҳиба кардааст, ранҷи шиканҷа ё дигар бадрафториро кашидааст.

Ба он таъсири умумии равонии  дегуманизатсияи ҳаррӯза, инчунин шиканҷаи ҷисмонӣ дар шакли лату кӯб, зарбаи барқ, ҳабси яккаса, маҳрум сохтан аз хӯрок, об ва хоб, таҳти хунукии шадид қарор додан ва суиистифода аз маҳдудиятҳо, аз ҷумла василаҳои шиканҷа, ба монанди курсиҳои палангон, дохил мешуданд. Баъзеҳо гузориш доданд, ки дар курсии палангон 24 соат ё бештар аз он нигоҳ дошта шуданд.

Як зани калонсоле, ки барои дифоъ аз ҳамутоқи худ ҷазо гирифтааст гуфт, ки ӯро ба як ҳуҷраи хурду торик, сард ва бетиреза оварданду дар он ҷо дасту пойҳояшро бастанд ва маҷбур карданд, ки се рӯз мустақиман дар курсии оҳанин биншинад.

Ду боздоштшудаи собиқ гуфтанд, ки онҳоро маҷбур карданд, ки занҷирҳои вазнин банданд – дар як маврид барои тамоми сол. Дигарон тасвир карданд, ки онҳоро бо калтакҳои электрикӣ зарба мезаданд ё ба онҳо бо дорупошак қаламфур мепошиданд.

Баъзе боздоштшудагон гузориш доданд, ки чандин маротиба шиканҷа шуданд, баъзеи дигар бошад, маҷбур буданд, ки шиканҷаи ҳамутоқҳои худро тамошо кунанд. Авфи Байналмилал аз як ҳолате огоҳӣ ёфт, ки гумон меравад боздоштшуда дар натиҷаи дар назди ҳамутоқҳояш дар курсии палангҳо ба муддати 72 соат нигоҳдорӣ шудан фавтидааст ва дар ин муддат ӯ дар худ пешоб ва мадфу кардааст.

Ду боздоштшудаи собиқ гуфтанд, ки онҳоро маҷбур карданд, ки занҷирҳои вазнин банданд – дар як маврид барои тамоми сол

Назорат

Чи дар дохил ва чи дар беруни урдугоҳҳо, мусулмонони Шинҷон аз ҷумлаи аҳолии аз ҳама бештар зери назорат дар ҷаҳон мебошанд

Дар тӯли ҳадди ақал якчанд моҳ пас аз раҳо шудан аз урдугоҳ, ҳамаи боздоштшудагони собиқ таҳти назорати қариб доимии электронӣ ва шахсӣ қарор мегиранд, аз ҷумла тавассути  “иқомат»-и ишғолгаронаи кормандони ҳукумат дар хонаи онҳо, барои назорат кардан ва дар бораи рафтори «шубҳанок» гузориш додан. Ин метавонад амалҳои динии осоишта, истифодаи нармафзорҳои иҷоза доданашуда (ба монанди VPN ё WhatsApp) ё хариди миқдори «ғайриоддӣ» -и сӯзишворӣ ё барқ ​​бошад.

Озодии ҳаракати нафарони озодшуда низ шадидан маҳдуд аст ва теъдоди зиёди нерӯҳои амниятӣ дар кӯчаҳо посбонӣ мекунанд ва ҳазорон посгоҳҳои ба ном «шӯъбаҳои бароҳати полис»-ро идора мекунанд.

Озодии ҳаракати нафарони озодшуда низ шадидан маҳдуд аст ва теъдоди зиёди нерӯҳои амниятӣ дар кӯчаҳо посбонӣ мекунанд ва ҳазорон посгоҳҳои ба ном «шӯъбаҳои бароҳати полис»-ро идора мекунанд

Таъқиби динӣ

Мусулмонон озод нестанд, ки дар Шинҷон амалҳои динии худро анҷом диҳанд. Даҳҳо мардон ва занони мусулмон ба Авфи Байналмилал гуфтанд, ки мақомоти минтақавии Чин нисбат ба эътиқоди исломии онҳо душмании фавқулодда нишон доданд. Амалҳои оддии мазҳабӣ ва фарҳангӣ «экстремистӣ» дониста шуда, ҳамчун асос барои боздошт истифода мешуданд.

Дар натиҷа, аксари мардум намозхонӣ ё нишон додани нишонаҳои зоҳирии риояи исломро қатъ карданд. Ин ба либос, намуди зоҳирӣ ва ҳатто суханронӣ низ дахл дорад. «Мо дигар наметавонем «ассалому алейкум» [саломи маъмулӣ дар бисёр фарҳангҳои исломӣ ба маънои “сулҳ ба шумо»] бигӯем …», гуфт як мард ба Авфи Байналмилал. Қуръонҳо, ҷойнамозҳо ва дигар ашёи динӣ амалан манъ карда шуданд.

Кормандони собиқи ҳукумати Чин ба Афви Байналмилал гуфтанд, ки чӣ гуна онҳо барои мусодираи ашёи динӣ ба хонаҳои мардум даромаданд. «Мо ба онҳо гуфтем, ки аксҳоро [акси масҷидҳоро] бардоред ва парчамҳои [чиниро] гузоред,» гуфт яке.

Онҳое, ки бо Афви Байналмилал мусоҳиб шуданд, нақл карданд, ки чӣ гуна дар саросари Шинҷон масҷидҳо, зиёратгоҳҳо, қабристонҳо ва дигар мавзеъҳои диниву фарҳангӣ ба таври муназзам тахриб карда шуданд ё таъиноти онҳо дигар шуд.

Онҳое, ки бо Афви Байналмилал мусоҳиб шуданд, нақл карданд, ки чӣ гуна дар саросари Шинҷон масҷидҳо, зиёратгоҳҳо, қабристонҳо ва дигар мавзеъҳои диниву фарҳангӣ ба таври муназзам тахриб карда шуданд ё таъиноти онҳо дигар шуд

Пинҳонкории густурда

Ҳукумати Чин барои пинҳон кардани нақзи қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон дар Шинҷон иқдомоти фавқулодда анҷом додааст. Мақомот ҳар нафареро, ки садо баланд мекунад, таҳдид, боздошт ва нисбаташ бадрафторӣ мекунанд.

Сарнавишти садҳо ҳазор нафар боздоштшудагон маълум нест. Бисёриҳо метавонанд дар урдугоҳҳо дар боздошт бошанд. Дигарон ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Маълумоти давлатии Чин афзоиши назарраси ҳукмҳои зиндонро нишон медиҳад ва аксҳои моҳвораӣ сохтмони зиндонҳои навро дар Шинҷон аз соли 2017 инҷониб нишон медиҳанд. Дигарон бошанд, ба кори маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд.

«Чин бояд фавран урдугоҳҳои бозтарбияро барҳам дода, нафарони худсарона дар онҳо ва дар зиндонҳо боздоштшударо раҳо кунад ва ба ҳамлаҳои муназзам алайҳи мусулмонони Шинҷон хотима диҳад,» гуфт Агнес Каламард.

“Ҷомеаи байналмилалӣ бояд якдилона садо баланд кунад ва амал намояд, то  ба ин зишткорӣ ба таври ҳамешагӣ хотима диҳад. СММ бояд бо мақсади ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки тибқи қонуни байналмилалӣ дар ҷиноят гумонбар дониста мешаванд, механизми мустақили тафтишотиро таъсис диҳад ва фавран мустақар кунад.»

СММ бояд бо мақсади ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки тибқи қонуни байналмилалӣ дар ҷиноят гумонбар дониста мешаванд, механизми мустақили тафтишотиро таъсис диҳад ва фавран мустақар кунад

Агнес Каламард, Дабири кулли Афви Байналмилал

ЭЗОҲОТ
1. Бозёфтҳои гузориш асосан ба нишондодҳои бевоситае, ки аз моҳи октябри соли 2019 то моҳи апрели соли 2021 ҷамъоварӣ шудаанд, инчунин ба таҳлили аксҳою маълумоти моҳвораӣ ва ҳуҷҷатҳои фошшудаи ҳукуматӣ асос ёфтаанд. Авфи Байналмилал бо зиёда аз 50 боздоштшудаи собиқ, ки аксарашон пеш аз ин ҳеҷ гоҳ ҳарф назада буданд, бо нафарони зиёде, ки аз соли 2017 инҷониб дар Шинҷон будаанд, инчунин бо зиёда аз 70 аъзои оилаи афроди гумшуда ё боздоштшуда, мухбирони ҳукуматӣ, рӯзноманигорон ва дигарон мусоҳиб шуд.

2. Бо сабаби нигарониҳои амниятӣ, тақрибан ҳамаи ин мусоҳибаҳо ба ин шарт анҷом дода шуданд , ки Авфи Байналмилал аз интишори номи мусоҳиб ва/ё ҳама гуна маълумоте, ки метавонад барои шиносоии мусоҳиб, оилаи мусоҳиб ё ҳар каси дигаре, истифода шавад,  худдорӣ мекунад, агар шиносоӣ шудан онҳоро ба хатар рубару кунад.  Дар гузориш дар ҳама ҳолат номҳои мустаор истифода шудаанд.  

3. Дар баробари гузориш, Афви Байналмилал тарҳи наверо оғоз мекунад, ки парвандаи беш аз 60 нафар аз ақаллиятҳои мусулмонро, ки бедарак шудаанд ва гумон меравад онҳо дар урдугоҳҳои бозтарбия ё зиндонҳои Шинҷон дар боздошт ҳастанд, дар бар мегирад. Созмон барои озодии онҳо ва ҳамаи нафароне, ки дар урдугоҳҳо ё зиндонҳо худсарона боздошт шудаанд, фаъолона таблиғ хоҳад кард.

Афви Байналмилал дар ҳамкорӣ бо рассоми маъруф Молли Крабаппл силсилаи иборат аз 30 тасвири аҷоиби аслиро омода кардааст, ки дар онҳо манзараҳои даҳшатноки дар нишондоди собиқ боздоштшудаҳо омада, тасвир шудаанд. Онҳоро дар саросари гузориш ва дар сайти мултимедиявӣ дидан мумкин аст: https://xinjiang.amnesty.org.